Узбекистон: талаби истеъфои мансабдорон барои садамаҳои зиёд

Дар робита ба афзоиши маргу мир дар роҳҳои Узбекистон фаъолони шаҳрвандӣ истеъфои масъулонро талаб карданд.

Яке аз охирин садамаҳо рӯзи 16 август дар шаҳри Тошканд рух дод. Ронандаи мошини "Нексия-2", соли таваллудаш 2001 марди соли таваллудаш 1973-ро пахш кард. Пиёдагард дар беморхона фавтид.

Ҳамон рӯз ронандаи мошини "Lacetti" зани 69-соларо пахш кард.

Фаъоли шаҳрвандӣ ва вакили пешин Расул Кушербоев талаб кард, ки "мансабдороне, ки боиси марги одамон мешаванд, бояд сабукдӯш ва муҷозот шаванд".