Мақомот дар шаҳри Туркманбошии вилояти Балкани Туркманистон манзили афроди мазҳабӣ ва онҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки талаботи шариати исломро риоя мекунанд. Мақомот ба ҷуз аз Қуръон адабиёти дигари диниро аз манзили чунин шаҳрвандон мусодира мекунанд.
Рӯзҳои 18-19 август дар минтақаи ғарбии Туркманистон амалиёти зидди шаҳрвандони диндор сурат гирифт, ки дар ҷараёни он мақомот китобҳои диниро мусодира кардаанд.
Чанде аз шаҳрвандон гуфтанд, мақомот онҳоро ҳушдор додаанд, ки дар хона адабиёти динӣ, аз ҷумла ҳадис ва китобҳои дигари фиқҳиро нигаҳ надоранд.
Бархе аз сарчашмаҳо гуфтаанд, кофтукоби манзили сокинон баъди он шуруъ шудааст, ки мақомот як мардро барои таълими дарсҳои динӣ ба наздики 50 кӯдак боздошт кардаанд.
Мақомоти Туркманистонро барои маҳдудсозии озодиҳои динӣ танқид мекунанд.