Доналд Трамп, собиқ президенти ИМА гуфт, барои он, ки то замони ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ дар озодӣ бимонад, бояд 200 ҳазор доллар гарав бипардозад.
Чунин муомила ахиран бо раиси додгоҳе дар ноҳияи Фултони аёлати Ҷорҷия ба даст омадааст.
Трамп ва 18 ҳамкори дигараш барои талоши тағйир додани натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар аёлати Ҷорҷия гумонбар мешаванд.
Додрас аз Трамп тақозо кард, ки аз тарс додани шоҳидон ва монеъ шудан ба кори додгоҳ даст бикашад.
Бар асоси як созиши миёни Трамп ва додрас ва бино ба талаби ҳуқуқӣ, рӯзи панҷшанбе ӯ расман ҳабс мешавад ва аз ҷарраёни маъмулии сабти маҳкумшаванда мисли гирифтани аксу изи ангушг мегузарад ва ҳамон замон шартан озод мешавад.
Трамп, ки талош дорад дар интихоботи соли 2024 ҳам номзад шавад, дар чор мавриди нақзи қонунҳои Амрико гумонбар мешавад.