Дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Покистон 11 сарбоз кушта шуданд

Дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба мошинҳои артиш дар Покистон 11 сарбоз кушта шуда, се тани дигар захмӣ шудаанд.

Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, тундгароҳои исломӣ, субҳи рӯзи 22-юми август дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ ба ду мошини низомиён ҳамла кардаанд.

Манбаъҳои бахши покистонии Радиои Озодӣ дар мақомоти амниятӣ гуфтаанд, ки дар задухӯрд бо ҷангиён 11 сарбоз кушта, се тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи масъулон, дар ин минтақа амалиёти ҷустуҷӯӣ оғоз шудааст.

Дар изҳороте Гурӯҳи мамнӯи "Таҳрики Толибони Покистон" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта, иддао намуд, ки дар ин ҳамла 18 сарбозро куштааст.

Рӯзи 19-уми август ҳам дар як ҳамлаи мусаллаҳона 5 сарбоз кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ҳам гурӯҳи мамнӯи “Таҳрики Толибони Покистон” бар уҳда гирифта буд.

Ин гурӯҳ аз миллатгароҳои ифротии суннимазҳаб иборат буда, солҳои 1990-ум таъсис шудааст. “Таҳрики Толибони Покистон” дар солҳои 1996 то октябри соли 2001-ум аз Афғонистон идора мешуд.

Дафъаҳои ахир ҳамлаҳои ҷангҷӯён дар Вазиристони шимолӣ ва ҷанубии Покистон афзоиш ёфтааст ва аксари ин ҳамлаҳоро гурӯҳи мамнӯи “Таҳрики Толибони Покистон” анҷом медиҳад.