ИМА аз шаҳрвандонаш хост, фавран Беларусро тарк кунанд.

Сафорати Амрико дар шаҳри Минск рӯзи 21-уми август аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида хост, ки ба зудӣ хоки Беларусро  тарк кунанд ва агар нияти сафар кардан ба Беларусро доштанд, аз ин нақшаашон даст кашанд.

Ба шаҳрвандони амрикоӣ машварат шудааст, ки аз сарҳади Литва ё Латвия ва ё бо истифода аз ҳавопаймоҳо хоки Беларусро тарк кунанд.

Ин даъват дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи 18 август Литва ду гузаргоҳи марзиашро бо Беларус баст.

Литва гуфт, ки бо сабаби тавсеаи танишҳо дар Беларус, ки ба Маскав иҷоза дод, дар ҷангаш алайҳи Украина аз хоки Беларус ҳам истифода кунад, ду посгоҳашро мебандад.

Таъкид шудааст, ки Литва, Латвия ва Лаҳистон эҳтимоли комилан бастани марз бо Беларусияро баррасӣ доранд.

Гузаргоҳҳои дигари марзӣ, аз ҷумла бо Полша боз ҳастанд, вале маълум нест, то кай.