Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошти Мансур Мовлаев, шаҳрванди Русияро тасдиқ кард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошти Мансур Мовлаев, шаҳрванди Русияро тасдиқ кард.
Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, Мовлаев дар доираи чораҳои зиддитеррористӣ боздошт шудааст.
КДАМ-и Қирғизистон гуфт, боздоштшуда "ҷонибдори идеологияи тундгароёна аст, ки бо дастури роҳбарони созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар Сурия, шомили гуруҳи террористҳо дар Қирғизистон шудааст".
Ба иттилои манбаъ, "аъзои гуруҳ тасмим доштанд, ки ба шаҳрвандони сарватманди Қирғизистон ҳамла кунанд ва даромади молӣ ба аст оранд".
"Шаҳрвандони боздоштшудаи Русия моҳи январи соли 2023 ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда ва дар ҳудуди ин кишвар шиносномаи тақаллубии Русияро истифода кардааст," -- хабар доданд мақомот.