Сабоҳат Абдуллоева, модари Муъминов, рӯзи 15-уми август дар боздоштгоҳе дар шаҳри Тошканд бо писараш мулоқот кардааст. Вай гуфт, аз писараш дар бораи саломатии ӯ пурсид ва чунин ҷавоб гирифт: "Тавре мебинед, ман зиндаам."
Вай афзудааст, дар рӯзи аввали боздошт дар моҳи феврали имсол аз сӯйи гуруҳи зудамали пулис дар раёсати пулиси шаҳри Тошканд шиканҷа шуд. "Нисбат ба ман ҳамаи навъи шиканҷаро истифода карданд. Зинда мондани ман муъҷиза аст", - гуфтааст Муминов дар суҳбат бо модараш.
Мақомоти Узбекистон ба ин изҳорот то кунун вокуниш нишон надодаанд.
Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 4-уми август ҳукми зиндони блогер Абдуқодир Муъминовро эълон кард.
Додгоҳ муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu" ва мудири ширкати "Oynaga qarang"-ро ба "Вайрон кардани дахлнопазирии манзили шахсӣ", "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Тамаъҷӯйӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Вайрон кардани тартиби тиҷорат" ва "Иштирок дар додани пора" гунаҳкор донист.