Раиси ҷумҳурии Украина ҳангоми сафараш ба Стокҳолм гуфт, имкони истеҳсоли мошинҳои ҷангии CV-90-и Шветсияро дар кишвараш баррасӣ доранд.
Владимир Зеленский рӯзи 19-уми август бо нахуствазири Шветсия Улф Кристерссон мулоқот кард.
"Сарбозони мо аллакай мошинҳои ҷангии CV-90-ро дар ҷабҳа самарабахш истифода мебаранд. Нақша дорем, ки онро дар Украина истеҳсол кунем", -- гуфт Зеленский дар Telegram.
Ҳукумати Шветсия рӯзи 15-уми август бастаи нави ёриҳоро ба Украина эълон кард. Он аз муҳиммот ва қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти низомӣ иборат аст.
Аз замони ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, кишварҳои ғарбӣ ба шумули Шветсия ба Украина кумакҳои зиёди иқтисодӣ, башарӣ ва сиёсиву низомӣ кардаанд.