Муовини Имрон Хонро дастгир кардаанд

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, аз раҳбарони Таҳрики Инсоф, ҳизби умдаи мухолифи давлат дар Покистон, рӯзи шанбе, 19-уми август, дастгир шудааст.

Ӯ пештар вазири корҳои хориҷии Покистон буд.

Бар асоси гузоришҳо, боздошти Қурайшӣ дар хонааш дар Исломобод ва ба дасти нерӯҳои пулис анҷом шуд.

Ҳизби Таҳрики Инсоф боздошти Шоҳмаҳмуд Қурайширо "иқдоме ғайриқонӯнӣ" номид.

Имрон Хон, сарвазири собиқи Покистон, ки раёсати Таҳрики Инсофро ба дӯш дошт, баъди барканорӣ аз қудрат ба фасоди молӣ ва хилофкорӣ муттаҳам шуд ва ду ҳафта боз зиндонӣ аст.

Дар ин муддат муовинаш, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, Ҳизби Таҳрики Инсофро раҳбарӣ дошт.