Баъди он ки мақомоти Русия гуфтанд, як дрон ва ё бесарнишини Украинаро сарнагун карданд, субҳи рӯзи 18-уми август парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав барои муддати кутоҳе маҳдуд шуд. Вазорати дифои Русия гуфт, ки соати 4-и субҳ Украина бо истифода аз дрон ба чанде аз иншооти шаҳру вилояти Маскав ҳамла кард. Яке аз дронҳо ба бинои муассисаи "Экспосентр" осеб расонидааст, ки дар наздикии бинои ҳукумати Русия қарор дорад.
Баъди ин ҳамлаҳо парвозу фуруд аз чаҳор фурудгоҳи Маскав барои як соат қатъ шудааст, вале айни замон дигарбора парвозҳо аз онҳо барқарор шудаанд. Садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ рӯзона аз фурудгоҳҳои Маскав ба инҷову онҷо парвоз мекунанд. Мақомоти Украина ҳануз дар бораи ҳамлаҳо бо дрон ба шаҳри Маскав чизе нагуфтаанд.