Вазорати молияи Амрико номи се ширкат аз Русия, Қазоқистон ва Словакияро ба далели робита бо Кореяи Шимолӣ ба рӯйхати таҳримшудаҳо даровард.
Ба назари мақомоти амрикоӣ, ин ширкатҳо дар иҷрои созишномаҳои Русия ва Кореияи Шимолӣ дар бораи интиқоли аслиҳа мадад кардаанд.
Ба ин тартиб, ширкати русии "Верус", "Defence Ingeneering"-и қазоқӣ ва "Versor"-и Словакия зери таҳрим монданд. Ҳамаи ин ширкатҳо ба як нафар - шаҳрванди Словакия Ашот Мкртичев тааллуқ доранд.
Масъулони Вазорати молияи Амрико гуфтаанд, Мкртичев ба воситаи ширкатҳои худ бо намояндагони Маскав барои интиқоли 20 навъи силоҳ аз Кореяи Шимолӣ ба Русия гуфтугӯ ва таҳримҳои Вашингтонро зидди Пхенян вайрон кардааст.
Худи Мкртичев, ки зодаи Озарбойҷон ва шаҳрванди Словакия мебошад, аз 30-юми марти имсол зери таҳримҳои Амрико аст.