Қирғизистон истироҳатгоҳҳои баҳсиро ба Узбекистон медиҳад

Иссиқкӯл. Истироҳатгоҳи "Роҳат"

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифта, ки 4 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкӯл ба муҳлати 49 сол ба Узбекистон диҳад. Сухан аз истироҳатгоҳҳои "Дилором", "Золотие пески", "Роҳат" ва "Бӯстон" меравад.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифта, ки 4 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкӯл ба муҳлати 49 сол ба Узбекистон диҳад. Сухан аз истироҳатгоҳҳои "Дилором", "Золотие пески", "Роҳат" ва "Бӯстон" меравад.

Сардори Оҷонси идораи амволи давлатии Қирғизистон Қанатбек Тургунбеков гуфт, қарор аст, Узбекистон дар ҳар як истироҳатгоҳ 15-20 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

Ҳукумати Қирғизистон соли 2016 бо роҳбарии сарвазир Темир Сариев тасмим гирифт, истироҳатгоҳҳои мазкурро, ки то он замон дар ихтиёри Узбекистон қарор доштанд, миллӣ гардонад.

Узбекистон ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд.

Тошканд даъво кард, ки Қирғизистон созишномаи байни давлатҳои пешини шӯравиро аз соли 1992 вайрон кардааст. Созишномаи мазкур истифодаи иншоотеро ба танзим медарорад, ки баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ дар ҳудуди ҷумҳурии дигар мондаанд.