Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, хабар дод, ки филмсоз Ҷавод Наврӯзбегӣ низ ҳукми ҳамсон гирифтааст. Ҳардуи онҳо дар "таблиғи мухолифони зидди низоми исломӣ" муттаҳам эълон карда шудаанд.
Маҳкумшудаҳо аз 20 як ҳиссаи муҳлати ҷазо (тақрибан 9 рӯз)-ро баъди ба иҷро дармадани ҳукм дар зиндон сипарӣ мекунанд ва муҳлати боқиро баъд аз 5 сол адо хоҳанд кард.
Онҳо дар ин муддат ҳақ надоранд ба "фаъолияти марбут ба ҷинояти содиршуда" машғул шаванд ё бо шахсоне, ки дар соҳаи синамо кор мекунанд, муошират намоянд.
"Бародарони Лайло" филми севуми бадеии Саид Рустоӣ аст. Он дар 75-умин ҷашнвораи синамои Канн барандаи ҷоизаи байнулмилалӣ шуд.
Намоиши "Бародарони Лайло" дар Эрон манъ карда шудааст. Мақомоти Эрон дар шарҳи ин қарор гуфтанд, филмсоз ва коргардон бе иҷозаи расмӣ филмро ба ҷашнвораи байнулмилалӣ пешниҳод карданд ва тибқи талаботи Вазорати фарҳанги Эрон ба он тағйирот ворид нанамуданд.