Талаби рӯзи мотам барои кӯдакони фавтида аз "Док-1 Макс" дар Узбекистон

"Газета.uz" пешниҳод кардааст, барои гиромидошти ёди кӯдаконе, ки баъд аз истеъмоли доруи ҳиндии "Док-1 Макс" дар Узбекистон фавтиданд, мотам эълон карда шавад.

"Ҳатто марги як кӯдак на танҳо барои хонаводаи ӯ, балки барои тамоми давлат фоҷеа аст. Марги 65 кӯдакро дар замони осоишта наметавон бо ҳеч сухане тасвир кард," -- навиштааст расона.

Ба қавли масъулони "Газета.uz", ҳукумат бо эълони мотам нишон медиҳад, ки "нисбат ба ҳаёти одамон бепарвову бефарқ нест ва он дар ин кишвар ҳамчун арзиши олӣ дониста мешавад."

"Мардум бояд бинанд ва бовар кунанд, ки давлат дар дарду ранҷи онҳо шарик аст. Эъломи мотами умумимиллӣ ба наздикони ҳалокшудаҳо мусоидат мекунад, то даврони мушкилро ба осонӣ пушти сар кунанд ва ҳамчунин нишон медиҳад, ки онҳо дар ин фоҷеа танҳо нестанд," -- афзудааст расона.

Дар Узбекистон моҳи декабри соли гузашта ҷамъан 65 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Док-1 Макс”, ки аз сӯи ширкати "Marion Biotech" истеҳсол мешуд, ҷон доданд.

Пас аз ин фурӯши доруи мазкур дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ гардид.