Вазорати беҳдошти Эрон додани иҷозатномаро барои воридот ва истеҳсоли василаҳои маълум кардан ва ё қатъи ҳамл боздоштааст.
Ҳадафи пинҳони тасмимро роҳ надодан ба исқоти ҷанин ва коҳиши таваллуд дар Ҷумҳурии Исломӣ медонанд.
Бар асоси ин қарор, ба Эрон овардан ва ё истеҳсоли василаҳои маълум кардани ҳомилагӣ то семоҳа шудани ҷанин манъ мешавад.
Ҳодӣ Яздонӣ, пизишк ва узви Ҳизби Ваҳдати Миллӣ дар Эрон, қарори ҳукуматро ҳаракати дигаре барои маҳдуд кардани ҳуқуқи занон ва ҳаққи онҳо ба исқоти ҳамл ва ё қатъи ҳомиладорӣ номидааст.
Ба гуфтаи табибон, қарори ҳукумат хатарзо аст, чун ба ҷони занони беморе, ки набояд таваллуд кунанд, хавф дорад.
Дар Эрон солҳои охир тавваллуд кам шудааст ва ҳукумат саъй дорад, аз ҳар роҳе пеши роҳи коҳиши аҳолиро бигирад.