Гуруҳи зархаридони “Вагнер”-и Русияро дар Ҷумҳурии Беларус ба унвони созмони таълимӣ сабти ном кардаанд.
Гуруҳи зархаридони “Вагнер”-и Русияро дар Ҷумҳурии Беларус ба унвони созмони таълимӣ сабти ном кардаанд.
Бар асоси иттилои вебсайти Маркази ягонаи сабти номи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии Беларус, гуруҳи “Вагнер” аз 4-уми август ба унвони ширкати дорои масъулиятҳои маҳдуд сабт шудааст ва ба “фаъолиятҳои таълимӣ” машғул аст.
Қароргоҳи он дар ноҳияи Тсел ҷойгир шудааст, ки бовар меравад, сарбозони зархариди “Вагнер” пас аз ошӯби нофарҷоми моҳи июни имсол дар Русия дар онҷо ҷойгир карда шудаанд.
Ду ҳафта аз ин пештар Радиои Озодӣ аксҳои моҳвораиро аз ширкати Плейнет Лабс ба даст овард, ки дар он дида мешавад, дар як қисми низомии куҳна дар ноҳияи Тсел барои гуруҳи “Вагнер” қароргоҳи муҷаҳҳаз бо аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ сохтаанд.