Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт, ки бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд, бо пардохти ҷарима озод шудааст. Масъулини Оҷонсии зидди фасод зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, Холмаҳмад Ортиқов 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори додгоҳ раҳо гардид.
Ортиқови 64-сола аввали имсол боздошт шуда буд. Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси зидди фасод моҳи феврали имсол гуфта буд, алайҳи роҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт бар асоси қисми 4-и моддаи 247 ё қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шудааст. Ин банди қонун аз 99 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳоле, ки муҷозоти таинкардаи қонунгузорӣ қариб 100 ҳазор сомонӣ аст, маълум нест, ки роҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт чаро ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд?
Холмаҳмад Ортиқов ягона мансабдори боздоштшуда нест, ки бо ҷарима озод мешавад. Иқболи Неъматулло, собиқ мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми кор дар ин мақом бо иттиҳоми ришвахориву сӯистифода аз вазифа боздошт гардида буд, бо пардохти 68 ҳазор сомонӣ ҷарима раҳо шуд. Зафар Қодирзода, додраси собиқи Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳам, ки ба сохткорӣ ва суистифода аз мансаб гунаҳкор шуд, бо беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима раҳо намудаанд.
Озодшавии мақомдорон бо ҷарима дар ҳолест, ки бо ҳамин иттиҳоми қаллобӣ баъзе аз мунтақидони ҳукумат ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Яке аз онҳо Иззат Амон аст, ки бо иттиҳоми қаллобӣ 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳарчанд худаш ва хешовандонаш гуфтанд, ӯ ҳеч гуноҳ надорад ва танҳо барои танқидҳои сахташ аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон мақомот аз ӯ ниқор гирифтаанд.