Низомиёни Украина деҳаи Урожайноеро озод кардаанд

Наздикии Бахмут, моҳи майи 2023

Муовини вазири дифои Украина Анна Маляр гуфт, нерӯҳои ин кишвар деҳаи Урожайноеро дар вилояти Донетск озод кардаанд.

"Урожайноеро озод карданд. Ҳомиёни мо дар ҷабҳаҳо устуворанд. Ҳамлаҳо идома доранд", - навиштааст ӯ дар Телеграм.

Вай пештар хабар дода буд, ки нерӯҳои Украина се километри мураббаъро дар наздикии Бахмут озод карданд. Маляр афзуд, аз моҳи июни имсол ба ин сӯ дар умум 40 километри мураббаъ дар наздикии Бахмут озод карда шуд.

Маляр рӯзи душанбе дар бораи "комёбии мушаххас"-и артиши Украина дар деҳаи Урожайноеи вилояти Донетск хабар дод. Ҳамла ба деҳаи мазкурро нерӯҳои украинӣ 8-уми август шуруъ карда буданд.

Расонаҳо дар охири ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки низомиёни Русия аз деҳаи Урожайное ақибнишинӣ мекунанд. Ин хабарро бештар блогерҳои низомии Русия нашр карданд.

Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе хабар дод, ки ҳамларо ба деҳа хунсо кардааст, вале дар бораи ақибнишинӣ расман чизе гуфта нашуд.