СММ: Дар Украина 9500 ғайринизомӣ кушта шудаанд

Лвов, Украина

Cозмони Милали Муттаҳид тасдиқ кард, ки дар ҷараёни ҳамлаи Русия ба хоки Украина тақрибан 9 ҳазору 500 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Дафтари Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 15-уми август бо нашри гузорише гуфт, 545 нафар аз кушташудагон кӯдакон ҳастанд.

Бар асоси гузориш дар ҷараёни ҷанге, ки Русия моҳи феврали соли 2022 дар Украина оғоз кард, тақрибан 17 ҳазор нафар захм бардоштаанд.

Ба қавли ин идораи Созмони Милал, мумкин аст, талафот дар миёни ғайринизомиён дар Украина ба маротиб зиёдтар бошад, зеро иттилоъ аз манотиқи даргириҳои сахт дертар мерасанд.