Марги як муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Русия  

Акс аз бойгонӣ

Дар садамае дар Тотористони Русия як муҳоҷири тоҷик ҷон бохта, се бародараш маҷруҳ шудаанд. Онҳо аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳастанд.

Марги як муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Русия

Дар садамае дар Тотористони Русия як муҳоҷири тоҷик ҷон бохта, се бародараш маҷруҳ шудаанд. Онҳо аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳастанд.

Ба навиштаи расонаҳои Тотористон, ҳодиса 15-уми август дар роҳи Алметевск рӯй дод. Мошини бародарон ба нақлиёти боркаш бархӯрда, ҳарду мошин оташ гирифтааст.

Муҳоҷири ҳалокшуда 33 сол дошта, ба иттилои расонаҳои Тотористон, як моҳ пеш аз Тоҷикистон ба дидани бародаронаш ба Русия рафта буд.

Ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба сабаби беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигар ҷони худро аз даcт медиҳанд.