Боздошти як каси дигар дар робита ба куштори сафири Русия дар Туркия

Андрей Карлов соли 2016 кушта шуд

Хадамоти махсуси Туркия дар пайванд ба қатли сафири пешини Русия дар Анқара Андрей Карлов як нафари дигарро дастгир кардааст.

Ба гуфтаи манбаи нашрияи туркии "Hurriyet", боздоштшуда дӯсти афсари пешини пулис аст, ки сафири Русияро паронда буд.

Ҳамсуҳбати "Hurriyet" афзуда, ки гумонбар узви созмони ФЕТО-и рӯҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст. Ҳукумати Туркия ФЕТО-ро созмони террористӣ эълом кардааст. Ӯро дар шаҳри Истанбул боздошт кардаанд, вале шахсияташ ошкор карда намешавад.

Куштори сафир шоми 19-уми декабри соли 2016 рӯй дод. Мавлуд Мерт Алтинтош, пулиси 22-солаи турк сӯи сафир тир кушод ва худаш ҳам дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Дар робита ба куштори сафир панҷ нафарро соли 2019 ба ҳабси абад маҳкум карданд.

Андрей Карлов дар соли 2013 сафири Русия дар Туркия таъйин шуда буд.