Тибқи қарори додгоҳ, гумонбарон то 15-уми октябри имсол дар ҳабс хоҳанд монд. Ҳамчунин муҳлати баррасии парванда низ дароз карда шудааст.
Мурофиаи навбатии гумонбарони парвандаи мазкур ба рӯзи 21-уми август монда шудааст.
Қаблан гуфта шуд, ки маводи "парвандаи Кампиробод" ба додгоҳ фиристода шудааст ва интизор меравад, баррасии он 22-23-юми июн оғоз шавад. Тафтиши ин парванда 8 моҳ тӯл кашида, ба он муҳри махфӣ зада шудааст.
Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд.
Аъзои кумитаи иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкек боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 фаъолу сиёсатмадор дастгир шуданд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табаддулоти давлатӣ" ташкил кунанд.