Манбаъҳо: Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон меравад

Эмомалӣ Раҳмон

​​​​​​​Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми август ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳад рафт.

Ин сафари аввалини ӯ ба минтақа пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ аст.

Дар он ҳодисаҳо 34 кас кушта ва даҳҳо нафар боздошту зиндонӣ шуданд.

Мақомот ҳанӯз хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми август гуфтанд, президент Раҳмон аввал ба Дарвозу Ванҷ ва сипас ба Хоруғу Мурғоб меравад.

Қарор буд президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта ба ВМКБ биравад, аммо сафар бекор шуд.

Далели нарафтани Эмомалӣ Раҳмонро ба вилоят он замон манобеъ ба "ноамнии Афғонистон" ва "вазъи саломати ӯ" пайванд доданд.