Масъулони Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 10-уми август дар нишасти хабарӣ гуфтанд, Турдиалӣ Қобилов бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла тундгароӣ, иштирок дар созмонҳои ҷиноӣ ва даъват ба ифротгароӣ, муттаҳам шуд.
Назари ӯ, вакили мудофеъ ва наздиконаш ба ҳукм дастрас нест.
Турдиалӣ Қобилов 37-сола ва аз деҳаи Намунаи ноҳияи Қубодиён аст. Ба иттилои расмӣ, ӯ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ чанд нафарро ба пайравӣ аз созмони “Ҷабҳат-ун-Нусра” даъват кардааст.
“Ӯ чанд чорвояшро фурӯхта, қасди сафар ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия дошт. Мехост, бо аъзои дигари “Ҷабҳат-ун-Нусра” ба зидди ҳукумати Сурия биҷангад,” – гуфта шудааст дар ҳукм.
Як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, муҳокимаи Турдиалӣ Қобилов дар моҳи июли имсол баргузор шуда, ҳукм ба иҷро даромадааст. Маълум нест, вакили Турдиалӣ Қурбонов ва ё наздиконаш аз рӯйи ҳукм шикоят кардаанд ё на.