Тибқи иттилои "Die Welt", Усмонов дар шикояташ ба Додгоҳи федеролии конститутсионии Олмон бозҷӯйӣ шудани "Дилбар"-ро "паст задани шаъну шараф ва нақзи дахлнопазирӣ" номидааст.
Пулиси Олмон моҳи сентябри соли гузашта киштии 156-метрии "Дилбар"-ро, ки ба Усмонов тааллуқ дорад, бозҷӯӣ карда буд. Усмонов он замон ба пулшӯӣ, нақзи қонун дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз гумонбар мешуд.
Бино ба хабари "Der Spiegel", дар бозҷӯии киштӣ тақрибан 60 узви кумисюни махсуси "Украина", аз ҷумла муфаттишони Идораи федеролии пулиси ҷиноӣ ва муфаттишони андоз аз Рейн-Вестфалии Шимолӣ ширкат кардаанд.
Киштии "Дилбар"-и Усмонов, ки соли 2016 бар ивази 600 миллион доллар харида шуда буда, он замон дар шаҳри Бремен қарор дошт. Мақомоти Ҳамбург онро моҳи марти соли 2022 мусодира карда буданд.
Усмонови 69-сола - яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Русия аст. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 11,5 миллиард доллар баҳо медиҳад. Усмонов моҳи феврали соли гузашта, баъд аз шуруи ҳамла ба Украина ҳамчун одами наздики президенти Русия, Владимир Путин, шомили рӯйхати таҳримҳои кишварҳои Ғарб шуд.