Бори аввал дар 17 моҳи охир қурби рубли Русия ба нуқтаи поинтарин расид.
Рӯзи 14-уми август як доллари Амрико ба 100 рубл баробар шуд.
Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҳазор рублро ба 110 сомонӣ иваз мекунанд. Дар аввали моҳи август ҳазор рубл қариб ба 120 сомонӣ баробар буд.
Шореҳон беқурбшавии рубли Русияро ба тақозо ба асъори хориҷӣ ва аз байн рафтани мувозинат дар тиҷорат рабт медиҳанд.
Бонки марказии Русия вазъи кунуниро ба коҳиши даромад аз содирот ва афзоиши воридот вобаста донист.
Сухангӯйи Кремл сиёсати ба истилоҳ "монетарӣ" ё пулии Бонки марказиро сабабгори ин ҳол номид.
Шореҳ Ян Мелкумов дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" иброз дошт, ки ба назари ӯ Бонки марказии Русия назорати қурби рублро аз даст додааст.