Вазири дифои Чин ба Русия ва Беларус меравад

Вазири дифои Чин Ли Шангфу

Қарор аст вазири дифои Чин аз 14 то 19-уми август ба Русия ва Беларус равад.

Бино ба изҳороти расмӣ, Ли Шангфу дар нишасти байнулмилалии амниятӣ дар Русия суханронӣ хоҳад кард.

Мулоқоти ӯ бо вазирони дифои ду кишвар ҳам дар назар аст.

Ӯ дар Минск бояд бо президент ва раҳбарияти низомии Беларус дидору гуфтугӯ кунад.