Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бештар аз 250 ронандаи "троллейбус" корпартоӣ карданд. Онҳо маоши бештар талаб доранд.
"Мо ба далели мушкили маош корпартоӣ мекунем. Ҳаракати ҳамаи "троллейбусҳо" манъ шуда, ронандагон дар боғ ҷамъ мешаванд. Мо мушкили зиёде дорем, ки бояд ҳал шаванд", - гуфт Светлана Тургунбоев, яке аз ронандагон.
Бо ронандагон Талантбек Капаров, роҳбари корхонаи "Раёсати троллейбусҳои Бишкек" мулоқот кардааст. Вай ваъдаи афзоиши маошро додааст. Ронандагон бо ин ваъда розӣ нашуда, толорро тарк кардаанд.
Рӯзи 10 август расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки наздики 100 ронанда аризаи аз кор рафтан навиштаанд. Онҳо низ бо сабаби маоши кам ариза навиштаанд.
Эътирози ронандагон баъди он сар зад, ки шаҳрдории Бишкек эълом кард, пардохти роҳкиро дар шакли электронӣ ба роҳ монда мешавад.