Дар Бухоро як кӯдаки серӯзаро аз кӯча ёфтанд

Як зани 28-сола дар ноҳияи Қаракӯли вилояти Бухорои Узбекистон кӯдаки серӯзаашро дар кӯча партофтааст.

Ба иттилои пулис, нисфишабии 8 август дар маркази ноҳияи Қаракӯл кормандони пулис кӯдакро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти пулис, кӯдак дар халтаи сабзе печонида шуда буд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки кӯдак рӯзи 4 августи соли ҷорӣ бидуни ҳузури пизишкон таваллуд ва шоми 7 август модир вай - зани соли таваллудаш 1995 - кӯдакро дар кӯча партофтааст.

Айни замон тафтишот идома дорад.