Мирзиёев бо Путин телефонӣ гуфтугӯ кардааст

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 9 август дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин масъалаҳои шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Узбекистону Русияро баррасӣ кардааст.

"Роҳбарони ду кишвар хостори баргузории ҷаласаи муштараки Комисияи байниҳукуматӣ, форумҳои узбекистониву русиягии байниминтақаӣ, таҳсилотӣ ва расонаӣ шуданд", - хабар медиҳад маркази матбуотии президенти Узбекистон.

Муносибатҳои Маскав бо Тошканд дар пайи таҳримҳои ғарбӣ нисбати Русия тақвият меёбад. Кишварҳои ғарбӣ баъди ҳамлаи Русия ба Украина, нисбати Маскав таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

Бино ба оморҳои расмӣ, Русияву Узбекистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 3,8 миллиард доллар гардиши мол доштаанд.

Дар ҳамин ҳол Иттиҳоди Аврупо аз афзоиши содироти 300-фоизии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия нигарон аст. Ба бовари Иттиҳоди Аврупо, афзоиши якборагии содирот ба Русия, эҳтимолан, ба он рабт дорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давр задани таҳримҳо ба Москва кӯмак мерасонанд.