Владимир Путин, президенти Русия тарҳи тағйиру иловаҳоро ба ҳолати низомӣ ва фавқулода ба Думаи давлатӣ ирсол кардааст.
Дар тағйиру иловаҳо омадааст, ки Русия дар ҳолатҳои низомӣ ва фавқуллода ба Шӯрои Аврупо дар бораи риояшавии ҳуқуқи инсон иттилоъ намедиҳад.
Моҳи марти соли гузашта Русияро ба далели ҳамла ба Украина аз Шӯрои Аврупо хориҷ карданд. Баъди он Русия чанд конвенсияи Шӯрои Аврупо, аз ҷумла дар бораи ҳуқуқи инсонро бекор кард.
Мақомоти Русия дар чаҳор вилояти Украина, ки Русия аз ишғоли онҳо хабар дод - Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон ҳолати низомӣ эълом кардаанд. Вазъи низомӣ моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ шуда буд.