Дар Тоҷикистон никоҳ зиёд ва талоқ камтар шудааст

Маросими тӯй дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  никоҳ дар Тоҷикистон зиёд шуда, талоқ камтар сабт шудааст.  

Музаффар Ашуриён, вазири адлия 8-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ним соли ахир дар Тоҷикистон 32 ҳазору 151 ҳолати акди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 ҳазор бештар аст.

Ба гуфтаи вазир, дар ним сол бештар аз панҷ ҳазор талоқ шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад камтар будааст.

"Дар коҳиши талоқ нақши кормандони мақомоти адлия низ ҳаст, чун корҳои таблиғотӣ барои ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳоро пеш мебаранд,"-таъкид кард Ашуриён.

Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон як мавзӯи нигаронкунанда аст. Чун бо ҷудошавии ҳар оила, даҳҳо кӯдак аз тарбияи падар ё модар маҳрум мешаванд. Аввали имсол дар Тоҷикистон, боҷи давлатиро барои қатъи ақди никоҳ 7 баробар боло бурданд. Акнун ҳар касе, ки мехоҳад аз шавҳар ё занаш ҷудо шавад, бояд ба давлат қариб 500 сомонӣ супорад. Пештар ин маблағ 68 сомонӣ буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи имсол таваллуд дар Тоҷикистон се дарсад коҳиш ёфта, фавт чор дарсад зиёд шудааст. Дар ин давра дар Тоҷикистон 108 ҳазор кӯдак таваллуд шуда, 17 ҳазор кас фавтидааст.