Се пулиси Узбекистон ба истифодаи шиканҷа гунаҳкор шуданд

Эътирозҳо дар Нуқус, моҳи июли соли 2022

Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод, ки се корманди вазорати корҳои дохилии он кишвар барои рафтори ғайриқонунӣ ҳангоми эътирозҳои моҳи июли соли 2022 дар Қарақалпоқистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Додгоҳи шаҳрии Когони Узбекистон ҳафтаи гузашта Т.А. (соли таваллудаш 1996) ва Х.С. (соли таваллудаш 1985)-ро дар истифодаи шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона айбдор ва мутаносибан 7-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Як корманди дигари вазорати корҳои дохилии он кишвар - Ж.М. (соли таваллудаш 1979)-ро бо айби "аз беэҳтиётӣ боиси марги одам шудан" 3 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Моҳи декабри соли 2022 Додситонии кулли Узбекистон хабар дода буд, ки аз рӯи далели истифодаи силоҳ нисбати эътирозгарони Нуқуси Қарақалпоқистон парванда боз шудааст.

Мақомоти Узбекистон пештар хабар дода буданд, ки аз миёни эътирозгарон 171 кас ҳамчун айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст.

Соли ҷорӣ додгоҳҳои Узбекистон чанд тан аз ин айбдоршавандаҳоро ба солҳои гуногун ба зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Узбекистона расман хабар дода буданд, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон 21 кас кушта ва 200 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот 500 касро боздошт карда буданд. Эътирозҳои Қарақалпоқистон баъди он шуруъ шуданд, ки мақомоти Узбекистон тарҳи нави Конститутсияи он кишварро нашр карданд. Дар тарҳи нав мавқеи мухтори Қарақалпоқистон ва ҳаққи хориҷшавии он аз Узбекистон бардошта шуда буд. Баъди эътирозҳое, ки ба хун кашида шуданд, Тошканд ин ислоҳотро аз тарҳи Конститутсия берун кард.