Афғонистон 67 систерни ҳомили нафтро ба Узбекистон бозпас гардонида аст

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба далели сифати бад доштан 67 систерни ҳомили нафтро ба Узбекистон баргардонидааст.

Дар Раёсати миллии стандарти Афғонистон гуфтанд, ин нахустин ҳолат аст, ки ҳукумат нафтро ба кишвари ирсолкунанда бармегардонад. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, айни замон дар он кишвар барномаи пешгирӣ аз воридоти нафту маҳсулоти сӯзишвории бесифат амалӣ карда мешавад.

Дар ширкати "Узбекнафтугаз" гуфтанд, изҳороти мақомоти Афғонистон дар мавриди бесифат будани нафти ирсолшуда "асос надорад".

"Ин хабарҳо беасос ҳастанд. Хабари расмӣ дар ин маврид дертар нашр мешавад", - навиштанд расонаҳои Узбекистон аз қавли ширкати "Узбекнафтугаз".