Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ нишасти дурӯза дар бораи сулҳи Украина бе ҳузури Русия оғоз ёфт.
Ба ин нишаст, ки дар он намояндаи 40 кишвари ҷаҳон ва Владимир Зеленский, президенти Украина иштирок мекунад, Русия даъват нашудааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки Арабистони Саудӣ аз натиҷаи он Кремлро огоҳ хоҳад кард.
Дар ин нишаст Владимир Зеленский нақшаи худ дар бораи сулҳро, ки аз 10 банд иборат аст, муаррифӣ хоҳад кард.
Дар ин нақша берун шудани нерӯҳои Русия аз қаламрави Украина, раҳоии асирон, таъмини бехатарии сохтори энерегетикӣ ва риояи қарорҳои СММ дар бораи тамомияти арзии кишвар роҳи расидан ба сулҳ гуфта шудааст.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ин нишастро бо диққат пайгирӣ доранд.