Латвия тасмим гирифтааст, ки чанд ҳазор шаҳрванди Русияро берун кунад

Парчами Латвия

Ҳукумати Латвия эҳтимолан моҳи сентябр ба чанд ҳазор шаҳрванди Русия тавсияи берун шудан аз кишварро диҳад.

Ингмар Лидака, як мақомдори ин кишвар гуфтааст, ки гап дар бораи 5-6 ҳазор шаҳрванди Русия меравад, ки иҷозаи иқомат дарёфт накардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳрвандони Русия барои дарёфти ҳаққи иқомати доимӣ ва имтиҳон аз забони латишӣ худро номнавис накардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Латвия гуфтааст, онҳое, ки ҳаққи иқомат надоранд, бояд давоми се моҳи оянда кишварро тарк кунад.

Пештар мақомоти Латвия гуфтанд, аксари шаҳрвандони Русия, ки барои ҳаққи иқомати доимӣ ҳуҷҷат супурдаанд, забони латиширо намедонанд.

Тибқи қонун ба нафаре ҳаққи иқомати доимӣ дода мешавад, ки аз имтиҳони забони давлатӣ гузарад.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина кишварҳои аврупоӣ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд.