Расонаҳо: Русия даъвати қазоқистониҳоро ба артиши худ оғоз кард

Русия даъвати шаҳрвандони хориҷӣ барои хидмат дар саффи артиши худро бар асоси қарордод оғоз кардааст.

Хабаргузории "Reuters" иттилоъ дода, ки эъломҳо дар ин замина аллакай дар бахшҳои қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.

Дар расми эъломҳо парчамҳои Қазоқистон ва Русия канори ҳам гузошта ва шиори "Китф ба китф" навишта шудааст. Ҳамчунин ба онҳое, ки мехоҳанд дар артиши Русия хидмат кунанд, пардохти якдафъаина дар ҳаҷми 495 ҳазор рубл, 190 ҳазор рубл моҳона ва пардохтҳои иловагӣ ваъда мешавад.

Сарчашмаи асосии эълом сомонаи давлатии русӣ аст, ки аз сӯи Оҷонси рушди сармояи инсонӣ дар вилояти Сахалин барои ҷалби мутахассисон таъсис дода шудааст. Маҳали имзои қарордод низ Сахалин гуфта мешавад.

Дар бахшҳои армании шабакаҳои иҷтимоӣ низ эъломҳои ҳамсон пайдо шудаанд.

Мақомоти Русия то ҳол ин эъломҳоро расман шарҳ надодаанд.