Кишвари аврупоии Исландия кори сафораташро дар Русия боздоштааст. Ин сафорат инчунин дар умури Тоҷикистон ҳам кор мекард.
Исландия аввалин давлати аврупоӣ аст, ки намояндагии дипломатии худро дар хоки Русия бозмедорад ва баръакс, ҳузури худро дар Украина тавсеа медиҳад.
Дар изҳороти вазорати хориҷии Исландия омадааст, ки ин ба маънои қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Маскав нест ва баробари пеш омадани шароити муносиб, фаъолияти он тавсеа меёбад.
Исландия мегӯяд, “тавсеаи ҳузури ин кишвар дар хоки Украина ба нишони ҳамраъйӣ бо Украина дар давраи таҷовузи ғайриқонунии Русия алайҳи ин кишвар мебошад.”
Сафорати Исландия дар Маскав инчунин умури дипломатӣ бо Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманстон ва Узбекистонро иҷро мекард. Ҳамакнун ин корҳо аз худи вазорати корҳои хориҷӣ дар Рейкявик анҷом хоҳанд шуд.