Зидди президенти пешини ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе иттиҳоми нав эълом шуд.
Вазорати адлияи ИМА собиқ президент, Доналд Трампро дар талоши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи соли 2020 гумонбар эълон кард.
Дар иттиҳоме, ки эълон шудааст, Трамп ва муттафиқонаш дар таҳияи нақшаи муфассали эътироф накардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020, ки дар он Ҷо Байден баранда шудааст ва ба манфиати худ тоб додани натиҷаҳои овоздиҳӣ гумонбар дониста шудааст.
Ин парвандаи сеюми ҷиноӣ аст, ки алайҳи Трампи хостори бозгашт ба курсии президентӣ, дар Кохи Сафед эълон шудааст. Каме пештар аз эълони иттиҳом, Трамп гуфт, «як иттиҳоми дигари сохтакоришуда» дар пеш аст.