Дар бандари Батумии Гурҷистон киштии "Astoria Grande" сайёҳони русиягиро субҳи имрӯз бо ҳамоиши эътирозӣ пешвоз гирифтанд.
"Эхо Кавказа" хабар дод, ки субҳи имрӯз дар бандари Батумӣ донишҷӯён, фаъолони маданӣ ва мухолифон таҷаммуъ карданд. Ба иттилои телевизиони "Рустави 2", ҳамоиши эътирозӣ ба задухӯрд бо кормандони пулис печида, дасти кам 10 кас дастгир шудааст.
Киштии "Astoria Grande", ки беш аз 800 мусофирро интиқол медиҳад ва бештари онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд, дар масири Сочӣ–Трабзон–Батумӣ–Амасра–Истамбул–Сочӣ ҳаракат мекунад. Он 27 июл ҳам вориди бандари Батумӣ шуда буд. Шоми он рӯз дар эътироз ба сафари сайёҳони рус дар шаҳрҳои Тифлис ва Батумӣ тазоҳурот баргузор шуда буд.
Иштирокчиёни иқдом зидди ҳамлаи Русия ба Украина эътироз ва аз посухи бархе аз сайёҳони русиягӣ ба саволи рӯзноманигорон тааҷҷуб карданд.
Дар суҳбат бо рӯзноманигорон бархе аз русиягиҳо гуфтанд, аз ҳамлаи соли 2008-и Русия ба хоки Гурҷистон ҳимоят мекунанд. Яке аз сайёҳон гуфт, "Русия Абхозистонро аз гурҷиҳо озод кард".
Як соат баъд аз эътирози сокинон, киштӣ бандари Батумиро тарк кард.