Неруҳои Русия шоми 28-уми июл дигарбора бо мушак ба қаламрави Украина зарба задаанд.
Дар шаҳри Днепр як мушак ба бинои баландоёшна бархӯрдааст ва дар натиҷа ба гуфтаи Сергей Лисак, раиси вилояти Днепр, 9 нафар аз ҷумла наврасон захмӣ шудаанд.
Дар бораи ин ҳамла Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳам хабар дод. Бар иловаи хонаҳои истиқоматӣ ба гуфтаи Зеленский қароргоҳи Хадамоти амнияти Украина дар вилояти Днепр осеб дидааст. Додситонии кулли Украина бинобар ин ҳамлаҳо бо иттиҳоми риоят накардани қонуну қоидаҳои ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Айни замон мақомоти дастнишондаи “Ҷумҳурии Мардумии Донетск” аз ҳамлаи неруҳои Украина ба маркази шаҳри Донетск хабар дода гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла як нафар кушта ва 8 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Украина ҳамарӯза аз ҳамлаҳоти Русия ба қаламраваш хабар медиҳад,. Мақомоти Русия ҳамлаҳо ба биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ғайринизомиро рад мекунанд ва мегӯянд, ки фақат ба ҳадафҳои низомӣ зарба мезананд.