Моҷарои Истаравшан. Волидайни духтар мегӯянд, ба ҷойи кӯмак ба онҳо фишор меоранд

Пайвандони як духтари ноболиғ дар шаҳри Истаравшан мегӯянд, мақомот ба ҷойи расидан ба доди онҳо, баръакс фишор оварда истодаанд, ки чаро бо рӯзноманигорон суҳбат кардаанд.

Ин хонавода дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан иддао доранд, ки охири моҳи май чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд".

Баъдан наворе ба интернет роҳ ёфт, ки гуруҳе аз сокинон мошинеро дошта, духтари ҷавонеро аз дохили он берун мекунанд ва кормандони милисаро мезананд. Вазорати корҳои дохилӣ дар барномае, ки баъдан онро пок кард, гуфт, 9 сокини шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, як мудири мактабро бо иттиҳоми ҳамла ба маъмурони милиса боздошт карданд.

Руқия Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ дар суҳбат ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ӯро ба ҳукумати шаҳр ва ҳам додситонӣ даъват карда, фишор меоранд. Мақомоти шаҳри Истаравшан дар бораи ин қазия расман чизе нагуфтаанд.

Ниёзқулова афзуд, умедвор буданд, ки ба духтари ноболиғаш кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд, аммо баръакс ба ӯ фишор оварда истоданд, ки чаро бо хабарнигорон суҳбат кардааст.

Руқия Ниёзқулова, аввали моҳи июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, се милиса духтарашро ба мошин савор арда, ба тарафи дашту саҳро бурдаанд. Зулфия Эркаева, як масъули ҳукумати шаҳри Истаравшан ба "Азия-Плюс" тасдиқ кардааст, ки бо модари духтари ноболиғ суҳбат кардаанд, аммо танҳо дар бораи аризааш аз ӯ пурсиданд.

Пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бархеҳо гуфтанд, агар сокинони Истаравшанро барои ҳамла ба кормандони пулис боздошт кардаанд, бояд аъмоли милисаҳо ҳам таҳқиқ ва муҳокима шавад.