Мақомоти украинӣ хабар доданд, ки шаби 24-уми июл шаҳри Киев ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Русия қарор гирифт.
Ба иттилои онҳо, Русия аз бомбаи хушаӣ истифода бурд, ки бар асари он ду фарди мулкӣ, аз ҷумла як тифл ба ҳалокат расид.
Сергей Попко, фармондеҳи низоми мудофиаи зиддиҳавоии Киев мегӯяд, тамоми ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки пойтахти Украинаро ҳадаф қарор доданд, безарар гардонида шуданд.
Ин шаби шашум дар моҳи июл аст, ки шаҳри Киев оташборон мешавад.