Путин ба Лукашенко гуфт, ҳамлаи ҷавобии украиниҳо ба шикаст рӯ ба рӯ шуд

Владимир Путин ва Александр Лукашенко

Президенти Русия дар суҳбат бо президенти Беларус гуфт, ҳамлаи ҷавобии низомиёни Украина ба низомиёни рус шикаст хӯрдааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, ҳамлаи ҷавоби шикаст нахӯрдааст, балки қадам ба қадам пеш меравад.

Владимир Путин рӯзи 23-уми июл дар қасри таърихии Константиновскии Санкт-Петербург бо Александр Лукашенко мулоқот кард ва мавзуи калидии суҳбаташон ҷанг дар Украина буд.

Дар наворҳое, ки расонаҳои давлатии Русия нашр кардаанд, Лукашенко мегӯяд, ҳамлаи ҷавобии Украина вуҷуд надорад, вале Путин мегӯяд, "вуҷуд дорад, вале шикаст хӯрдааст."

Александр Лукашенко дар ин суҳбат мегӯяд, ҷангҷӯёни гурӯҳи зарахридони "Вагнер" мехоҳанд "ба тамошои Варшава бираванд."

Гурӯҳи "Вагнер", ки дар Украина муқобили низомиёни Русия меҷангид, моҳе пеш як вилояти Русияро ғасб кард, вале баъдан бо миёнаравии Лукашенко онҳо ҳаракати худ ба самти Маскавро қатъ карда, ба Беларус рафтанд.

Лукашенко гуфт, зархаридони "Вагнер" аз ӯ хостаанд, ки барояшон иҷозаи сафар ба кишварҳои ғарбиро диҳад.

"Гуфтам, ин барои шумо чӣ лозим аст. Гуфтанд, мехоҳанд, каме Варшава ва Жешувро тамошо кунанд,"--гуфт, ӯ.

Жешув, шаҳре дар марзи Украина аст, ки кумакҳои низомии кишварҳои ғарбӣ ба Украина аз тариқи он интиқол меёбад.

Нашрияи "Белта" навиштааст, ки дар ин мулоқот Лукашенко ба Путин харитаеро нишон додааст, ки гуё дар он нерӯҳои Полша дар марз бо ин кишвар ҷой гирифтаанд.

Чанд соли ахир Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус ҳамеша ба вуҷуди хатар аз ҳудуди кишварҳои ғарбӣ ба кишвари худ ва Русия таъкид мекунад.

Лукашенко аз ҳампаймонони Путин аст, ки дар ҷанги Русия зидди Украина аз ӯ пуштибонӣ мекунад.

Аксари кишварҳои дунё ҳамлаи Русия ба Украинаро бедалел номида, ин ҷангро маҳкум мекунанд.