3 шаҳрванди Тоҷикистон ба қочоқи садҳо ҳазор доллар гумонзад шудаанд

Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ки дар Фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Индира Гандӣ аз қочоқи садҳо ҳазор доллар пешгирӣ карданд.

Дар ин кор, ба иттилои расонаҳои ҳиндӣ, се шаҳрванди Тоҷикистон гумонзад ҳастанд, вале аз онҳо ном гирифта нашудааст.

Идораи гумруки Ҳиндустон рӯзи 21-уми июл хабар дод, ки аз гумонбарон 720 ҳазор доллар ва 466 ҳазору 200 евро мусодира шуд. Ин миқдор пул ба ба зиёда аз 100 миллион рупияи Ҳиндустон баробар аст.

Онҳо ният доштаанд аз Ҳиндустон ба Истанбул парвоз кунанд, вале дастгир шудаанд. "Арзи хориҷӣ мусодира шуд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад," -- гуфтаанд мақомоти Ҳиндустон.

Як маъмури баландпояи Идораи гумруки Ҳиндустон гуфтааст, гумонбарон пулро дар дохили бағоҷ пинҳон карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш накардаанд. Назари гумонбарҳо низ маълум нест. Рӯшан нест, ки се нафар ин миқдор пулро аз куҷо ва чӣ гуна ба даст овардаанд.