Дар Тоҷикистон даҳҳо падари "қарздор"-ро ҷустуҷӯ мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи тақрибан 350 падаре ҳастанд, ки баъди ҷудоӣ аз ҳамсар ҳаққи фарзандони ноболиғи худро намепардозанд ва ё аз пардохти он саркашӣ кардаанд.

Дар феҳрасти ин афрод, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дида мешавад, ки ҳамаи афроди мавриди ҷустуҷӯ барои он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд, ки моҳона аз 100 то 300 сомонӣ алимент барои фарзанди худро надодаанд.

Садҳо нафар аз онҳое, ки парвандаи ҷиноӣ доштаанду ҷустуҷӯ мешаванд, бар тибқи иттилои расмӣ дар Русия қарор доштаанд. Дар Тоҷикистон барои саркашии падару модар аз таъмини фарзанд, ҷазо таъйин шудааст ва мумкин аст ингуна падар ва ё модарро барои напардохтани алимент то 3 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Мақомоти расмӣ аввали имсол гуфта буданд, ки ба зидди тақрибан 400 нафар барои напардохтани алимент парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.