Дар Тоҷикистон ду куҳнавард аз Бритониёи Кабир ва яке дигар аз Беларус аз куҳ афтода захмӣ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки сайёҳони хориҷӣ дар пиряхҳои ноҳияи Лахш ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фалокат дучор шудаанд.
Кумита рӯзи 19-уми июл хабар дод, ки як шаҳрванди 37-солаи Белорус аз баландкӯҳ афтода, захмӣ шудааст. Маъмурони наҷот бинобар ҳавои номусоид танҳо ду рӯз баъд тавонистаанд ӯро наҷот диҳанд.
Рӯзи 20-уми июл наҷотбахшон ба кумаки ду шаҳрванди Бритониёи Кабир рафтаанд, ки онҳо дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон аз баландӣ афтода, ба мушкил дучор шудаанд.
Кумита гуфтааст, онҳо ба наздикии ҷойи ҳодиса бо чархбол ва сипас бо асп ба он ҷо сафар карда, саёҳонро наҷот додаанд. Солона ҳазорон сайёҳ барои дидани манзараҳои зебо ба Тоҷикистон меоянд.