Мақомоти расмӣ ба масъулон дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон дастур додаанд, ки то тирамоҳи имсол феҳрасти ҷавонони қобили хидмат дар артишро омода намоянд.
Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар” дастури мазкурро рӯзи 20-уми июл дар ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Шуғнон ба раисони ҷамоатҳо ва комиссариати низомии ноҳия додаанд. Онҳоро ҳамчунин вазифадор кардаанд, ки “омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро дар ноҳия ба роҳ монда, шумораи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи навбатии соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муайян намоянд.”
Дар хабар ҳамчунин омадааст, раисони ҷамоатҳо ва корхонаву муассисаву донишгоҳҳо уҳдадор шудаанд, ки рӯйхати ҷавонони синни хидматро ба комиссариати низомии ноҳия пешниҳод кунанд. Дар ҳоле, ки даъвати ҷавонон ба артиш моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр анҷом мешавад, маълум нест, ки чунин тасмим то куҷо дуруст аст.
Аз дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ хабар мерасад, ки мақомот рӯйхати ҷавонони сини даъват ба артишро таҳия доранд. Дар Тоҷикистон даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ ҳамеша бо сару садо дар бораи боздошти ҷавонон аз кӯчаву фиристодани онҳо ба артиш ҳамроҳ аст.