Содироти барқ аз Тоҷикистон кам шудааст

Давоми 6 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 43,2 млн. доллар нерӯи барқ содир намуд, ки нисбат ба соли гузашта 1,4 млн доллар камтар будааст.

Ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, дар чаҳорчӯби қарордодҳои имзошуда Тоҷикистон ба Афғонистон тамоми сол ва ба Узбекистон - танҳо дар мавсими баҳору тобистон нерӯи барқ интиқол медиҳад. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, дар фасли тобистон Тоҷикистон захираҳои барзиёдатии обу энергетикиро дар ихтиёр дорад, ки қисмате аз он дар неругоҳҳои барқи обӣ холӣ партоб мешавад.

Бо назардошти онки сокинони баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар тирамоҳ ва зимистон аз барқ танқисӣ мекашанд, содироти барқ ба хориҷ ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез будааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардум дар кишвар бо гармиву рӯшноӣ таъмин шаванд, баъд барқ ба хориҷа фурӯхта шавад.