Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи Девони вазирон хабар дода, ки барои таъмини бахши дифоии ин кишвар аз соли 2021 то ҳол беш аз 120 миллиард сом ҷудо шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин пул ба харидориву такмили техника ва аслиҳаи низомӣ сарф хоҳад шуд. Тошиев афзуд, ки соли 2020 барои дифои Қирғизистон 3,5 миллиард сом, дар соли 2021 32 миллиард ва дар соли гузашта 53 миллиард сом харҷ кардаанд.
Дар шаш моҳи соли равон барои таъмини дифои Қирғизистон ҷамъан 40 миллиард соми буҷа харҷ шудааст.
"Мо ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар", "Аксунгур", "Акынжи" ва ҳавопаймоҳои Ми- 8, Ми-17 харидорӣ кардаем, ки баъзе аз кишварҳои дунё онҳоро ҳоло надоранд", - изҳор доштааст Тошиев.